Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3678.36 3752.67
10 7237.22 7383.43
20 14340.99 14630.70
50 35623.11 36342.76
100 71126.86 72563.76

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

15.03.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи доллари ИМА 12 март ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3650-4,3810 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4460-1,4580 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,8700-5,9300 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

12.03.2010 Теъдоди ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ афзуд

Ба ҳолати 1 марти соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 бонк, 6 ҷамъияти қарздиҳӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 116 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият мекунанд. Дар муқоиса бо 1 январи соли 2009 шумораи бонкҳо 1 адад зиёд шуда, теъдоди ҷамъиятҳои қарздиҳӣ аз ҳисоби ба ҶСП “Кафолатбонк” табдил додани ҶСП “ҶҚ “Кафолат” 1 адад кам шуд. Шумораи ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ бошад, бетағйир монда, шумораи ташкилотҳои маблағгузории хурд 24 адад зиёд гардид.

12.03.2010 Сармояи низоми бонкӣ зиёд шуд

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар охири моҳи январи соли 2010 ба 1,24 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта (0,97 млрд. сомонӣ) маблағи 0,27 млрд. сомонӣ ё 28,0% зиёд мебошад. Аз ҷумла, сармояи бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарздиҳӣ маблағи 1,08 млрд. сомонӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ – 0,005 млрд. сомонӣ ва сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд – 0,16 млрд. сомониро ташкил доданд.

12.03.2010 Дороиҳои низоми бонкӣ афзуданд

Тибқи маълумотҳои фаврӣ, дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ дар охири моҳи январи соли 2010 маблағи 7,81 млрд. сомониро ташкил карданд ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта (6,33 млрд. сомонӣ) ба маблағи 1,48 млрд. сомони ё 23,4% зиёд шуданд. Аз ҷумла, дороиҳои бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарздиҳӣ маблағи 5,0 млрд. сомонӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ – 2,36 млрд. сомонӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд – 0,46 млрд. сомониро ташкил карданд.

11.03.2010 Қурби доллари нақдии ИМА дар бозори дохилӣ каме паст шуд

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 9-10 март каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,3640-4,3800 сомониро ташкил дод.

09.03.2010 Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдӣ бетағйир боқӣ монданд

Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 5 март ва рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монданд. Дар натиҷа қурбҳои миёнаи доллари ИМА дар сатҳи 4,3650-4,3820 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4420-1,4540 сомонӣ ва 1 евро 5,8640-5,9260 сомонӣ қарор доштанд.

04.03.2010 Рушди ММД 4,2 фоизро ташкил дод

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳи январи соли ҷорӣ 1 157,6 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 4,2 фоиз баробар шуд.

04.03.2010 Сатҳи таваррум дар моҳи январ

Сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли равон 0,7 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти озуқа 0,1 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,7 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 3,0 фоиз ба амал омад.

04.03.2010 Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА каме боло рафт

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 2-3 март дар маҷмӯъ каме паст шуд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 4,3750-4,3850 сомониро ташкил дод.

01.03.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи доллари ИМА 26 феврал ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буд ва ба ҳисоби миёна 4,3640-4,3810 сомониро ташкил дод.

25.02.2010 Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА мӯътадил монд

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 23-24 феврал чун пештара тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3780-4,3880 сомонӣ қарор дошт.

22.02.2010 Дар бозори дохилӣ қурби рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 18-19 феврал ва рӯзҳои истироҳат каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,3780-4,3900 сомониро ташкил дод.

19.02.2010 БМТ ба музоядаи навбатӣ даъват менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон 23 феврали соли равон, соати 10:00 дар бинои нави Бонки миллӣ музоядаи №011091004 Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон менамояд.

18.02.2010 Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА каме баланд шуд

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 16-17 феврал (0,03 фоиз) каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,3740-4,3840 сомониро ташкил дод.

15.02.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи асъори хориҷӣ 12 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3586-4,3720 сомонӣ барои долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро ба 1,4220-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,0150-6,0650 сомонӣ барои евро баробар шуданд.

11.02.2010 Дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд

Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз (11.02.с.2010) бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ба мӯҳлати шаш моҳ ҷорӣ гардид.

11.02.2010 Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 9-10 феврал дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна ба 4,3580-4,3710 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, мувофиқан 1,4184-1,4310 сомонӣ ва 6,0450-6,0950 сомониро ташкил доданд. Умуман, қобили қайд аст, ки ҳоло вазъияти бозори дохилии асъор мӯътадилӣ ва мутавозунии пешниҳоду талаботро инъикос менамояд.

08.02.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор чун пештара мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 5 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3550-4,3680 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, мувофиқан ба 1,4240-1,4390 сомонӣ ва 6,0090-6,0670 сомонӣ баробар шуданд.

04.02.2010 Қурби доллари нақдии ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 2-3 феврал бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3586-4,3716 сомониро ташкил дод.

01.02.2010 Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд

Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 29 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби доллари ИМА ба 4,3552-4,3708 сомонӣ, қурби 10 рубли русӣ ба 1,4200-1,4350 сомонӣ ва қурби евро ба 6,1150-6,1670 сомонӣ баробар шуданд.

28.01.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 26-27 январ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,37 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,11-6,17 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

27.01.2010 Музоядаи Векселҳои давлатии хазинадорӣ баргузор гардид

27 январи соли равон соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 5,0 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо ба 7 фоиз баробар шуд.

25.01.2010 Фаъолияти БМТ дар соли 2009 баррасӣ гардид

Натиҷаҳои назаррас ва қобили таваҷҷӯҳи тайи як соли охир, аз қабили дастоварду камбудиҳо дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2009, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чораҳои мушаххас барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2010 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

25.01.2010 Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд

Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 22 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби 1 доллари ИМА ба 4,3670-4,3810 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4222-1,4352 сомонӣ ва 1 евро ба 6,1570-6,2150 сомонӣ баробар шуданд.

21.01.2010 Қурби миёнаи доллари ИМА дар бозори нақд бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 19-20 январ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,37-4,38 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, ба 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,20-6,26 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

18.01.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 15 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3726-4,3864 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор дошт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4202-1,4336 сомонӣ ва 1 евро 6,2170-6,2750 сомониро ташкил доданд.


Ахбор 4837 - 4862 аз 5112
Аввал | Пешӣ | 185 186 187 188 189 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ