- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 ноябри с.2022)13,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 01.02.2023 1 USD 10.3005 1 EUR 11.1822 1 RUB 0.1455
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Агентҳои бонкии пардохтӣ
Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ҷиҳати рушди хизматрасониҳои пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ самти нави фаъолияти бонкӣ – фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Тибқи ҳисоботҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳолати 30 сентябри соли 2022 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ
201 агентҳои бонкии пардохтӣ ва дар навбати худ аз ҷониби агентҳои мазкур 44 адад субагентҳои бонкии пардохтӣ барои анҷом додани баъзе аз амалиётҳои бонкӣ ҷалб гардидаанд.
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда агентҳои бонкии пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои анҷом додани амалиётҳои зерин ҷалб карда мешаванд:
1. Қабул намудани маблағи нақд аз шахси воқеӣ ва (ё) додани маблағи нақд ба шахси воқеӣ, аз ҷумла бо истифодаи терминалҳо, терминалҳои худкори худхизматрасон;
2. Пешниҳоди воситаҳои электронии пардохтӣ ба муштариён ва таъмини истифодаи ин воситаҳо мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;
3. Мушаххас намудани шахсияти муштарӣ шахси воқеӣ бо мақсади интиқол додани маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё пешниҳоди воситаи электронии пардохтӣ ба шахси воқеӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом».
Дар амалияи ҷумҳурӣ, айни замон агентҳои бонкии пардохтии аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ҷалбшуда, амалиётҳои қабули маблағҳои нақд аз шахсони воқеӣ тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон ва амалиёти мушаххаскунии муштариёнро анҷом дода истодаанд.
Бартариятҳои ҷалб намудани агентҳои бонкии пардохтӣ:
· Рушди фарогирии молиявӣ, яъне имконияти васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар;
· Кам кардани хароҷотҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба сохтмони филиалҳо ва ё марказҳои хизматрасониҳои бонкии нав;
· Ба низоми бонкӣ дохил намудани гардиши пули терминалҳои худкори хизматрасон;
· Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ.