Пули коғазии ҷашнӣ ба муомилот бароварда шуд
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (№133 аз 28 октябри соли 2025) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ аз санаи 30 октябри соли 2025 пули коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муносибати 25 - солагии пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.
Пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии кишвар буда, дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории мамлакатамон инъикос ёфтаанд, ки аз тамаддуни қадима ва ҳунару созандагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Дар рӯи пул расми Исмоили Сомонӣ (849–907), ва дар паҳлуи расм мақбараи И.Сомонӣ дар шаҳри Бухоро акс ёфтаанд. Дар паси пул бинои нави Парлумони Тоҷикистон тасвир шудааст.
Коғази пули арзиши номиналии 100 сомонии намунаи соли 2025 сад дар сад аз нахи пахта омода гардидаанд.
Ин пул аз лиҳози ҳимоявӣ яке аз асъори муҳофизатшуда дар ҷаҳон аст ва ба ин принсип мувофиқат мекунад. Ба ин пул ду унсури ҳимоявии нави муосир ворид карда шудааст. Ин аввалин пулест, ки бо тарҳи нави RollingStar® Venus бароварда шудааст.
1.Риштаи ҳимоявӣ - бо паҳнои 6 мм, бо ранги норинҷӣ-бунафш аст. Қисми марказии он дорои унсур бо тағйири назарраси ранг аст, ки ҳангоми иваз намудани кунҷи биниш нақши норинҷии "100" дар заминаи бунафш нопадид мешавад, дар ҳоле ки нақши дуюм, "БМТ" дар ҳамон қисм бо ранги норинҷӣ пайдо мешавад.
2. Унсури ҳимоявӣ аз фолга - бо истифодаи технологияи микрооина ва эффекти тағйирёбии ранг, ки ҳатто дар равшании кам намоён аст. Ҳангоми иваз намудани кунҷи биниш эффектҳои динамикии 3D ва тағйироти чашмраси ранг ошкор мешавад. Яъне адади “100” ба “БМТ” иваз мешавад.