Раванди додани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Тартиб гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” ба низомҳои пардохтии ватанӣ ва байналмилалӣ барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома додааст.

Низомҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон

Низомҳои пардохтии дохилӣ

Низомҳои пардохтии байналмилалӣ

1

Корти миллӣ

1

Western Union (Фаронса)

2

Осон

2

Visa

3

ExpressPay

3

Mastercard

4

EASY PAY

4

Юнистрим

 

 

5

UnionPay

 

 

6

Золотая Корона

 

 

7

Астрасенд

       

8

КВИКПЭЙ

   

9

Sendy
   

10

 БЭСТ

Дар давоми соли 2025 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2025, №3 ба ҶДММ “Цифровой платёж” (низоми пардохтии Sendy), аз 22 январи соли 2025, №18 ба ҶДММ “ПАРДОХТИ ОСОН” (низоми пардохтии EASY PAY) ва аз 15 августи соли 2025, №105 ба ҶДММ “БЭСТ (низоми пардохтии БЭСТ) иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуд.