100-сомонии ҷашнӣ дар озмуни High Security Printing беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ, ки соли 2025 ба муносибати 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ, нашр шудааст, дар озмуни байналмилалии High Security Printing дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025» сазовори ҷоизаи олӣ гардид. Банкнота бо истифода аз технологияҳои муосири ҳимоявӣ таҳия шуда, тасвирҳои Исмоили Сомонӣ, мақбараи Сомониён ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки таъриху фарҳанг ва давлатдории миллиро таҷассум менамоянд.