То санаи 31 марти соли 2026 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии 28 ташкилоти қарзии молиявӣ 18,6 млн ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2025 6,0 млн адад (47,1 фоиз) зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 6,9 млн адад амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 1 615,7 млн сомонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 27,0 фоиз ва 90,8 фоиз зиёд мебошад.
