Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ тавассути роҳҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ (дохилибонкӣ, тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ ва тавассути суратҳисоби муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда) 212,5 млн пардохтҳо ба маблағи 989,3 млрд сомонӣ анҷом дода шуданд. Шумораи пардохтҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 фоиз кам ва ҳаҷми пардохтҳо 25,2 фоиз зиёд гардид.

Ба санаи 31 марти соли 2026 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои муштариён 18,8 млн адад суратҳисобҳои бонкӣ кушода шудаанд, ки аз онҳо 0,2 млн адад суратҳисобҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 18,6 млн адад суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Шумораи суратҳисобҳои бонкии муштариён дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4,0 млн адад ё 27,8 фоиз афзудааст, ки нишондиҳандаи мазкур аз боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳад.