Рушди бозори кортҳои пардохтии бонкӣ

0_3_0.jpg

Афзоиши шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ


0_4_0.jpg

Ҳиссаи кортҳои пардохтӣ аз рӯи низомҳои пардохтӣ


0_4.jpg

Ҳиссаи кортҳои пардохтӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ


0_5.jpg

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 3 913 адад банкомат ва 6 702 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд (НППН) насб намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мувофиқан 17,3 фоиз ва 59,8 фоиз зиёд мебошанд. Илова ба ин, барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ то санаи ҳисоботӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 9 765 POS-терминал насб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2025 теъдоди онҳо 11,7 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 35 579 QR–рамзи ягона насб карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2025 33,0 фоиз зиёд мебошад. Шумораи терминалҳои худкори худхизматрасон то санаи ҳисоботӣ ба 6 955 адад баробар гардид.

 


Динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ (адад)


0_6.jpg

Инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ 

дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


0_7.jpg



Вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ

Дар ин давра ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ дар маҷмӯъ 40,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 12,5 банди фоизӣ афзудааст. 

Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва 
ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ

0_8.jpg

Амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) аз рӯи шумора 2,7 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 100,1 фоиз афзоиш ёфтааст.