Раванди додани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Раванди додани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” ба низомҳои пардохтии ватанӣ ва байналмилалӣ иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ додааст. 

Низомҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон

Низомҳои пардохтии дохилӣ

Низомҳои пардохтии байналмилалӣ

1

Корти миллӣ

1

Western Union (Фаронса)

2

Осон

2

Visa

3

ExpressPay

3

Mastercard

4

CONTACT

 

 

5

Юнистрим

 

 

6

UnionPay

 

 

7

Золотая Корона

       

8

Астрасенд

Санаи 10 январи соли 2023 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, №2 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии «Платежный Центр» (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Золотая Корона” дода шуд.

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2023, таҳти №61 дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 14.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №39 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дода шудааст, бинобар сабаби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд.

Санаи 30 ноябри соли 2023 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, №125 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Ҷамъияти саҳомии Бонки тиҷоратии “Соколовский” иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Астрасенд” дода шуд.

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023, №130 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, иҷозатномаи ОНП №00018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, №40 ба ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток”” (ООО “Небанковская кредитная организация “Вестерн Юнион ДАП “Восток”) дода шудааст, дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд ва бекор карда шуд.