19 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) бо иштироки ҳайатҳои кишварҳои аъзо ва нозирон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва раиси ГАО, директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия Чиханчин Юрий Анатолевич иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба фаъолияти Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рафти татбиқи Стратегияи Гурӯҳ барои солҳои 2024–2028, натиҷаҳои фаъолияти Котибот ва самтҳои минбаъдаи ҳамкории кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокдорон масъалаҳои марбут ба гузаронидани даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро баррасӣ намуда, доир ба натиҷаҳои пешрафти кишварҳои аъзо дар ин самт табодули назар карданд.
Аз ҷумла, ҳисобот оид ба натиҷаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мавриди муҳокима қарор гирифта, намояндагони кишварҳои аъзо доир ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати омодагӣ ба даври нави баҳодиҳии мутақобила маълумот пешниҳод намуданд.
Қобили зикр аст, ки Гурӯҳи Авруосиё яке аз гурӯҳҳои минтақавии навъи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ (ФАТФ) буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии ГАО мусоидат ба таҳкими низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа мебошад.
Ба ҳайати ГАО нуҳ давлат — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Ҳиндустон — шомил мебошанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 58
19.11.2026