23 ноябри соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони низоми бонкӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, таҳкими мавқеи онҳо дар рушди низоми бонкӣ, инчунин муаррифии саҳми насли даврони Истиқлол дар рушди технологияҳои молиявӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.
Дар ҳамоиш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, роҳбарон ва раисони шуроҳои ҷавонони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандони ҷавони низоми бонкӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд. Зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар маркази сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ва иштироки фаъол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии муҳити молиявӣ ташаккули кадрҳои ҷавони дорои донишу малакаҳои муосир аз самтҳои муҳимми рушди низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Касбият, ташаббускорӣ, истифодаи самараноки технологияҳои нав ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон метавонанд дар баланд бардоштани рақобатпазирии низоми молиявӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат нақши муассир дошта бошанд.
Номбурда ҳамзамон ба зарурати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон ишора намуда, таъкид кард, ки дастовардҳои даврони Истиқлол барои насли ҷавон на танҳо мероси арзишманди миллӣ, балки масъулияти идомаи корҳои созанда, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишвар мебошанд.
Дар навбати худ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ки сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияту истеъдод, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа равона гардидааст. Таъкид гардид, ки ҷавонон бо дониш, малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии муосир ва ташаббусҳои нав метавонанд дар рушди иқтисоди миллӣ, рақамикунонии низоми молиявӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъоли низоми бонкӣ ва раисони шуроҳои ҷавонони ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи бонкӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуданд.
Қисмати илмию амалии ҳамоиш ба рӯнамоҳои мутахассисони ҷавони низоми бонкӣ бахшида шуд. Дар доираи он масъалаҳои марбут ба нақши ҷавонон дар рушди низоми бонкӣ, такмили низоми пардохт ва хизматрасониҳои рақамии молиявӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, рушди технологияҳои бонкии ватанӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар низоми молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, фаъолияти Шурои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон, нақши он дар рушди касбӣ ва ташаккули муҳити мусоиди ҳамкорӣ миёни ҷавонони низоми бонкӣ муаррифӣ гардид.
Дар рафти рӯнамоҳо иштирокдорон доир ба таҷрибаи татбиқи технологияҳои муосир, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва имкониятҳои истифодаи қарорҳои инноватсионӣ дар низоми молиявӣ табодули назар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамоиш аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ намоишгоҳи дастовардҳо ва маҳсулоти муосири бонкии кишвар ташкил гардида, иштирокдорони чорабинӣ бо имкониятҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ ва технологӣ дар низоми бонкӣ шинос шуданд.
Ҳамоиш барои таҳкими ҳамкории ҷавонони низоми бонкӣ, мубодилаи таҷриба, рушди малакаҳои касбӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии муосири онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
Баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки ташаббусҳои ҷавонон дастгирӣ гардида, иқтидори касбӣ ва эҷодии онҳо барои рушди минбаъдаи низоми молиявӣ истифода шавад. Дар ин замина, иштироки фаъоли ҷавонон дар равандҳои рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва такмили хизматрасониҳои молиявӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди низоми бонкӣ ва таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
23.11.2026