Ахбор
13.05.2016
Барои хабарнигорон семинар гузаронида шуд
Имрӯз, 13 майи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистон бо низоми пардохтии Visa International - TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service), барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ семинари таълимӣ дар мавзӯи “Пардохтҳои электронӣ” баргузор намуд.
12.05.2016
Семинари таълимӣ дар мавзӯи “Пардохтҳои электронӣ”
Имрӯз 12 майи соли 2016, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар сохторҳои давлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими бахши молиявӣ сарукор доранд, таҳти унвони “Пардохтҳои электронӣ” семинари таълимӣ гузаронида шуд.
21.04.2016
Семинари байналмилалӣ барои мутахассисони БМТ
“Таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) муҳими суботи молиявӣ”, чунин ном дошт семинари байналмилалие, ки аз 18 то 20 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Семинари мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо Бонкҳои марказӣ роҳандозӣ гардида, дар он кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он дар шаҳру вилоятҳо ширкат варзиданд.
04.04.2016
“Ҷоми бонкҳо” барои баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони бонкҳо мусоидат менамояд
Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз 28 март то 1 апрели соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаи “Ҷоми бонкҳо” баргузор ва ҷамъбаст гардид.
18.03.2016
Дар БМТ барои кормандони ташкилотҳои қарзӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид
Дар доираи иҷрои талаботи “Барномаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” имрӯз, 18 марти соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони масъули бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои амонатии қарзии хурди кишвар семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Новости 21 - 25 из 33
Начало | Пред. | 3 4 5 6 7 | След. | Конец