Ахбор
Дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ карда шуд.
26.02.2020
Вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба самтҳои афзалиятнок дар раванди омода, коркард ва таҳия намудани Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 - 21 феврали соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба самтҳои афзалиятнок дар раванди омода, коркард ва таҳия намудани Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони байналмилалӣ, тарафҳои манфиатдор ва бахши хусусӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Осиёи Марказӣ оид ба Фарогирии молиявӣ таҳия шуда истодааст.
28.08.2019
Аввалин Конференсияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе аввалин Конференсияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунии дастрасии молиявии аҳолӣ, таҳияи стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар кишвар, баланд бардоштани маърифати молиявии сокинон мавриди таҳлил қарор дода шуд.
20.11.2018
Таҳлили Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва бонкдории исломӣ дар рӯнамоӣ
17 ноябри соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки роҳбарони воҳидҳои сохториву кормандони Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба баррасии рӯнамоиҳо аз таҷрибаи андӯхтаи мутахассисон дар давлатҳои дигар баргузор гардид.
07.06.2018
Ҷаласаи машваратии байналмилалии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ “Alliance for Financial Inclusion -AFI”
Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Гулистони вилояти Суғд рӯзҳои 14-15 майи соли 2018 ҷаласаи машваратии байналмилалии (гурӯҳи техникӣ)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (АФИ) баргузор гардид.
Новости 1 - 5 из 33
Начало | Пред. | 1 2 3 4 5 | След. | Конец