Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


08.06.2016

Дарси “Асосҳои назарияи иқтисод” бояд ҷолиб бошад

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаи махсус оид ба “Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ” барои аҳолии кишвар давом дорад. 

Sem_naz_iqtis_1.JPG

Давраи дуюми семинар-машварати мазкур, аз санаи 6–уми июн оғоз ёфта, то 1-уми июли соли ҷорӣ, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ идома меёбад.

Тавре хабар дода будем, мақсад аз ташкили чорабинии мазкур омӯзонидани роҳу усулҳои муосир ва шавқовари баргузории дарсҳо аз фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” ба шумор рафта, дар баробари баланд бардоштани дониши молиявии мактаббачаҳо, сатҳи маърифати молиявии омӯзгорони ин фан низ такмил дода мешавад. 

Sem_naz_iqtis_2.JPG

Дар семинаре, ки рӯзи 6 июн дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, 24 нафар омӯзгори фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” аз мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. 

Дар назар аст, шумораи умумии омӯзгороне, ки тибқи ин барнома фаро гирифта мешаванд, то ба 2900 нафар расонида шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои дахлдор ҳамкориро идома хоҳад дод. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ


Возврат к списку