Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Крестон АС” иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ дода шуд.
Амали иҷозатномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Крестон АС” ҷиҳати анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 09 декабри 2021, №185 дода шудааст, қатъ карда шуда, аз эътибор соқит дониста шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1
16.11.2026