18 ноябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати муассисаи молиявии амрикоии «Numisma Bank» таҳти роҳбарии директори иҷроияи он ҷаноби Вивек Тияги мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои молиявии байналмилалӣ, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои байналмилалӣ ва таҳкими инфрасохтори интиқоли асъори нақдро мавриди баррасӣ қарор дода, имконияти истифодаи иқтидори ин муассисаи махсусгардонидашударо дар самти такмили амалиёти асъорӣ ва рушди имкониятҳои хизматрасонии байналмилалӣ баррасӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки тақвияти ҳамкорӣ бо чунин муассисаҳои молиявии байналмилалӣ метавонад ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии амалиёти асъорӣ ва тавсеаи имкониятҳои пардохтҳои фаромарзӣ мусоидат намояд.
Мулоқоти мазкур дар доираи талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии молиявӣ, таҳкими робитаҳои молиявии фаромарзӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид.
«Numisma Bank» муассисаи молиявии махсусгардонидашуда дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, фаъолияти асосии он ба хариду фурӯши яклухт ва интиқоли байналмилалии пули нақд бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари ИМА, евро ва дигар асъорҳои асосии байналмилалӣ равона шудааст. Бонк хизматрасониҳои худро асосан ба бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои молиявӣ пешниҳод менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4
18.11.2026