Ахбор

Ба имзо расидани ду санади ҳамкорӣ


Дар ҳошияи ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) ду санади ҳамкорӣ миёни департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ба имзо расид.

NBT_1.JPG  

Санадҳои мазкур ба рушди ҳамкории дуҷониба, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши ҳамкории мутақобила дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона гардидаанд.

Дар идомаи чорабиниҳои ҳафтаи пленарӣ, 18 ноябри соли 2026 ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии мутақобила ва масъалаҳои ҳуқуқӣ (РГОП), Гурӯҳи корӣ оид ба типологияҳо ва мубориза бо маблағгузории терроризм (РГТИП) ва Гурӯҳи корӣ оид ба мусоидати техникӣ (РГТС) баргузор гардид.

NBT_2.JPG

Ҳамчунин, 18 ноябр семинари Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ (СРПФР) дар шакли ҷаласаи стратегӣ баргузор гардид. Дар он таҳдидҳои муосир ба амнияти молиявӣ дар фазои Авруосиё, аз ҷумла қаллобӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

NBT_3.JPG 

Иштирокдорон инчунин масъалаҳои мубрами таъмини амнияти молиявӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори кишварҳои минтақа дар самти ошкор ва пешгирии таҳдидҳои молиявиро баррасӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки худи ҳамин рӯз ҷаласаи 33-юми Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ (СРПФР) низ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шуро, таҳкими ҳамкории воҳидҳои иктишофии молиявии кишварҳои аъзо, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баррасӣ шуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 0

18.11.2026

Возврат к списку