Ахбор

Баргузории семинар дар мавзуи “Татбиқи муносибати ба хавф нигаронидашуда дар фаъолияти назоратӣ: моделҳои баҳодиҳии хавфҳои миллӣ


17 ноябри соли 2026 тибқи барномаи ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) дар мавзуи «Татбиқи муносибати ба хавф нигаронидашуда дар фаъолияти назоратӣ: моделҳои баҳодиҳии хавфҳои миллӣ (таҷрибаи кишварҳои аъзои ГАО)» семинар баргузор гардид.

 NBT_1.JPG

Дар маросими ифтитоҳи машғулият муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва раиси ГАО - директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия Юрий Чиханчин суханронӣ намуда, муҳиммияти татбиқи муносибати ба хавф нигаронидашуда дар фаъолияти мақомоти назоратӣ, тақвияти механизмҳои арзёбии хавфҳо ва баланд бардоштани самаранокии назоратро дар низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таъкид карданд.

NBT_2.JPG  

Мақсади асосӣ аз баргузории семинар табодули таҷрибаи пешқадам ва баррасии усулҳои татбиқи муносибати ба хавф нигаронидашуда дар мониторинги фаъолияти муассисаҳои молиявӣ, провайдерҳои хизматрасонии дороиҳои маҷозӣ ва субъектҳои муайяншудаи ғайримолиявӣ бо назардошти хавфҳои миллӣ, соҳавӣ ва институтсионалӣ буда, дар чорабинӣ намояндагони масъули назорати бонкии бонкҳои марказии кишварҳои аъзои ГАО, ФАТФ ва дигар мақомоти назоратии кишварҳои аъзои ГАО иштирок намуданд.

Дар семинар намояндагони ФАТФ ва мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои ГАО доир ба татбиқи муносибати ба хавф нигаронидашуда ва стандартҳои ФАТФ, таҷрибаҳои амалии худ дар самти фаъолияти назоратӣ, такмили низоми назорати бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, инчунин назорати фаъолияти провайдерҳои хизматрасонии дороиҳои маҷозӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

NBT_3.JPG  

Ҳамзамон, 17 ноябр дар доираи чорабиниҳои 45-умин ҷаласаи пленарии ГАО муҳокимаи панелӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами инъикоси мавзуи амнияти молиявӣ дар минтақаи Авруосиё» ва Маҷлиси умумии иштирокдорони Ассотсиатсияи байналмилалии марказҳои таълимӣ-методии кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои ГАО ва такмили низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона гардидаанд.

Шуъбаи матбуот

 

 

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 0

17.11.2026

Возврат к списку