Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ аз руйи қоидаҳои мувофиқашудаи намудҳои суғурта тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи қаблии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт”, ки барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 октябри 2024, № 46 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1
09.11.2026