Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади такмили сиёсати макропруденсиалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳо дар низоми бонкӣ ҳамкориро бо Бонки миллии Гурҷистон ба роҳ мондааст.
Дар доираи ин ҳамкорӣ 2 ноябри соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Давид Утиашвили, сардори идораи суботи молиявии Бонки миллии Гурҷистон, барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории семинар муаррифии таҷрибаи Гурҷистон дар самти татбиқи фишангҳои макропруденсиалӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони низоми бонкии кишвар дар самти идоракунии хавфҳои қарзӣ мебошад.
Зимни семинар муҳиммияти фишангҳои макропруденсиалӣ дар идоракунии хавфҳои низомӣ, таҷрибаи татбиқи меъёрҳои таносуби маблағи қарз ба арзиши гарав (Loan-to-Value, LTV) ва таносуби пардохти хизматрасонии қарз ба даромад (Debt Service-to-Income, DSTI) дар Гурҷистон баррасӣ гардид. Ҳамзамон, оид ба сарчашмаҳои иттилоотӣ ва усулҳои таҳлили вазъи бозори амволи ғайриманқул бо мақсади баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар идомаи семинар миёни коршиноси Бонки миллии Гурҷистон ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд.
Дар семинар зиёда аз 70 нафар иштирок намуда, бо ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии истифодаи фишангҳои макропруденсиалӣ, аз ҷумла фишангҳои ба қарз асосёфта, шинос гардиданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
03.11.2026