Ахбор

Баррасии самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон


4 ноябри соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбари намояндагии иқтисодии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ - Эдуард Кинсбруннер ва бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Йорк Шуграф мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди низоми бонкӣ ва молиявӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки густариши ҳамкориҳо баррасӣ гардид.

NBTL7420.JPG 

Дар оғози мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар бахши молиявӣ маълумот пешниҳод намуд.

Зимни мулоқот, инчунин ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти суғуртавӣ, вазъи кунунӣ ва таҳкими назорати бонкӣ, рушди низоми пардохт ва густариши хизматрасониҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Қайд гардид, ки ислоҳоти низоми молиявию бонкӣ барои таҳкими устувории иқтисодӣ, баланд бардоштани эътимоди сармоягузорон ва ҳамгироии бештари кишвар ба равандҳои иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

NBTL7383.JPG

Дар навбати худ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати намояндагиҳои иқтисодии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пазироӣ ва фароҳам овардани имконияти баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, оид ба самтҳои фаъолияти худ ва афзалиятҳои ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои минтақа маълумот доданд. Зимни табодули афкор намояндагони ҳайат, аз ҷумла ба масъалаи рақамикунонии бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

NBTL7507.JPG

Дар анҷоми мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи муколамаи судманд, таҳкими робитаҳои касбӣ ва муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 105

04.11.2026

Возврат к списку