Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ аз руйи қоидаҳои мувофиқашудаи намудҳои суғурта дода шуд.

Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №35 аз 19 феврали соли 2021 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3

23.10.2026

Возврат к списку