Ахбор

Мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо коршиносони Хазинаи Байналмилалии Асъор


23 октябри соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти ҷамъбастии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо коршиносони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои миссияи кӯмаки техникӣ дар самти такмили раванди татбиқи сиёсати пулию қарзӣ (Monetary Policy Implementation Framework – MPIF) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот натиҷаҳои арзёбии раванди татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, самаранокии воситаҳои амалиётии он ва самтҳои афзалиятноки такмили минбаъдаи механизмҳои идоракунии пардохтпазирӣ ва рушди бозори пулӣ муҳокима гардиданд.

114290.jpg

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аҳамияти ҳамкориҳои техникиро бо ХБА дар самти муосиргардонии воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ таъкид намуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии амалиётҳои монетарӣ, таҳкими механизми идоракунии пардохтпазирӣ ва рушди бозори байнибонкии пул таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Қобили зикр аст, ки миссияи кӯмаки техникии ХБА аз 15 то 23 октябри соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он коршиносон бо роҳбарият, намояндагони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва иштирокчиёни бозори молиявӣ як қатор вохӯриҳо ва муҳокимаҳои корӣ анҷом доданд.

114291.jpg

Дар ҷараёни миссия масъалаҳои идоракунии пардохтпазирии низоми бонкӣ, механизми таъсиррасонии меъёри фоизии сиёсати пулию қарзӣ ба меъёрҳои бозорӣ, самаранокии амалиётҳои монетарӣ, фаъолияти воситаҳои доимамалкунанда ва рушди бозори байнибонкии пул мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтанд.

Коршиносони ХБА дар натиҷаи арзёбӣ ислоҳотҳои Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти муосиргардонии воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ мусбат арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ, тавсеаи амалиётҳои ҷалби пардохтпазирии барзиёд, мусоидат ба рушди бозори байнибонкӣ ва наздик намудани меъёрҳои фоизии коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба меъёри сиёсати пулию қарзӣ ҳамчун дастовардҳои муҳим дар самти таҳкими самаранокии низоми татбиқи сиёсати пулию қарзӣ арзёбӣ гардиданд.

114289.jpg

Дар фарҷом муҳтарам Икромӣ С. ба коршиносони ХБА барои ҳамкории судманд, таҳлилу арзёбиҳои анҷомдодашуда ва тавсияҳои пешниҳодгардида изҳори сипос намуда, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва касбӣ, такмили равандҳои амалиётӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои дигарро аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда арзёбӣ намуд.

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2

26.10.2026

Возврат к списку