16 октябр раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд бо намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мулоқотҳои корӣ анҷом дод.

Дар мулоқот зимни вохӯрӣ бо намояндагони ширкати байналмилалии молиявии J.P.Morgan масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бонкӣ, рушди муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба тавсеаи робитаҳои бонкҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо барои идомаи муколама ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 104
16.10.2026