15 октябри соли 2026 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи электорати кишварҳои узви Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар доираи ҷаласаҳои солона дар Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла таъмини суботи макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити афзоиши хатарҳои геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушди иқтисодӣ ва таъсири номуайяниҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳониро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, саҳми ин ниҳодҳои молиявии байналмилалиро дар таҳкими суботи макроиқтисодӣ, такмили сиёсати иқтисодӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ махсус таъкид кард.
Зимни ҷаласа зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши табодули таҷрибаи амалӣ байни кишварҳои электорат ва тақвияти ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ қайд гардид.
Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои электорат дар самтҳои гуногуни бахши молиявӣ, аз ҷумла рушди бахши молиявӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди маблағгузории устувор манфиатдор мебошад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3
16.10.2026