Ахбор

Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ


15 октябри соли 2026 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми соҳибкорӣ - 2026 “Тоҷикистон ба пеш!” таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо иштироки намояндагони бахши соҳибкорӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавии кишвар ҷаласаи панелии соҳавӣ дар мавзуи «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор гардид.

1.jpg  

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки ҷомеаи соҳибкорӣ яке аз неруҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат нақши муҳим дорад. Дар ин замина, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҳукумати кишвар як қатор ташаббус ва барномаҳои давлатиро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон, пешниҳоди грантҳои президентӣ барои солҳои 2025–2030 ва сабук гардонидани шароити фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути эълони мораторий ба санҷиши фаъолияти онҳо, тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

2.jpg

3.jpg

Зикр гардид, ки маҷмуи ин иқдомҳо бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ ва тавсеаи бахши хусусӣ буда, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ равона шудаанд.

4.JPG5.jpg 

Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавии кишвар суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, муовини директори департаменти назорати бонкии БМТ Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов, роҳбари департаменти рушди маҳсулоти ҶСП «Ҳумо Бонк» Алишер Нуралиев, раиси ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» Искандар Раҷабов, директори департаменти низоми пардохти БМТ Шуҳрат Салоҳиддинов, раиси ҶСК «Алиф Банк» Гуланор Атобек, директори департаменти мониторинги молиявии БМТ Ҳалим Мирзоалиев, сардори шуъбаи амнияти иттилоотии ҶСК «Бонки Эсхата» Шуҳратҷон Турсунов, И.в. муовини раиси раёсати ҶСК «Тавҳидбонк» Деҳқон Самадов, сардори идораи назорати суғуртавии БМТ Бобурхон Бобоев ва директори генералии ҶДММ Ташкилоти суғуртавии «БИМА» Неъматҷон Ҷалолидинов масъалаҳои марбут ба рушди низоми молиявии кишварро баррасӣ намуданд.

6.JPG

Дар баромадҳо вазъи кунунӣ ва нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ, раванди қарздиҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ, тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ ва густариши истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ, ҳамзамон, масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба шаклҳои гуногуни маблағгузорӣ, рушди хизматрасониҳои бонкии исломӣ, таъмини амнияти молиявӣ, тавсеаи бозори суғурта ва истифодаи имкониятҳои суғуртавӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ инъикос ёфта, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи ин самтҳо барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва таҳкими ҳамкории низоми молиявӣ бо ҷомеаи соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 107

15.10.2026

Возврат к списку