Ахбор

Иштирок дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ


13 октябри соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Бо Ли иштирок намуд.

231321.jpg

Зимни муҳокимарониҳо иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа, суботи макроиқтисодӣ, нигаҳдории таваррум, устувории низоми молиявӣ, таъмини суботи нархҳо, идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва дигар масъалаҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию молиявӣ табодули назар карданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ ба диверсификатсияи содирот, таҳкими амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои нав ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамчун омили муҳимми истифодаи самараноки иқтидори иқтисодӣ арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки идомаи муколамаи мунтазам миёни кишварҳои минтақа ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар таъмини суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нақши боризро мебозад.

Хотиррасон мекунем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав намояндагӣ намуданд.

Шуъбаи матбуот

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 12

14.10.2026

Возврат к списку