Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз 12 то 18 октябри соли 2026 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор мегарданд, ба ин кишвар сафар намуд.
Ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи иқтисод ва молия ба шумор рафта, роҳбарони бонкҳои марказӣ, вазирони молия ва рушди иқтисод, намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам меоранд.
Ҳадафи асосии ҷаласаҳо баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, таҳкими суботи молиявӣ, муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодию молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувор ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Ин чорабиниҳо ҳамчунин барои мубодилаи таҷриба, баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам меоранд.
Дар доираи ҷаласаҳо вохӯриҳои сатҳи баланд, нишастҳои матбуотӣ, семинарҳо ва форумҳои байналмилалӣ баргузор шуда, намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои рӯзмарраи иқтисоди ҷаҳонӣ, хавфҳои молиявӣ ва роҳҳои таъмини рушди устуворро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои шиносоӣ бо равандҳои муосири иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, мубодилаи афкор бо намояндагони ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи бонкӣ мусоидат хоҳад намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 77
12.10.2026