Ахбор

Боздиди кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз иншооти таърихии НБО «Роғун»


Бо мақсади ошноӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 2 октябри соли ҷорӣ аз маҳали сохтмони ин иншооти бузурги энергетикӣ дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, раванди бунёди иншооти асосии неругоҳ ва корҳои анҷомдодашуда аз наздик шинос шуданд.

   NBT_1.JPG

Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми хос дошта, татбиқи он ба ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи зич дорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зарурати бунёди ин иншооти бузургро ҳамчун омили муҳимми таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакат пайгирона матраҳ намуда, раванди татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун»-ро таҳти таваҷҷуҳи доимии худ қарор додаанд.

   NBT_2.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад зимни боздид таъкид намуд, ки НБО «Роғун» дар баробари аҳаммияти бузурги энергетикӣ доштан, барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти баланди миллӣ ва таърихӣ дорад. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ин тарҳи бузурги миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар табдил ёфта, ҳазорон мутахассисону сохтмончиён дар бунёди он саҳми арзанда мегузоранд.

NBT_3.JPGNBT_4.JPG 

Қайд гардид, ки «Роғун» имрӯз на танҳо рамзи истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, балки намунаи равшани ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, заҳмати созанда ва муттаҳидии мардуми кишвар дар атрофи ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.

NBT_5.JPG

Зимни боздид роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳнамоии масъулини НБО «Роғун» аз маҳали сохтмони сарбанди неругоҳ дидан намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ ва хусусиятҳои асосии техникии ин иншоот шинос шуданд. Ҳангоми боздид ҳамчунин оид ба миқёси корҳои анҷомдодашуда, раванди бунёди иншооти асосии неругоҳ ва нақши мутахассисону кормандони соҳа дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги миллӣ маълумот пешниҳод гардид.

NBT_6.JPGNBT_7.JPG   

Барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон шиносоӣ аз наздик бо раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» имкони арзёбии воқеии миқёси ин лоиҳаро фароҳам овард.

NBT_8.JPG  

Таъкид гардид, ки татбиқи НБО «Роғун» дар баробари таҳкими иқтидори энергетикии кишвар, барои рушди саноат, тавсеаи истеҳсолот, фароҳам овардани заминаҳои нави рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад. Бунёди ин неругоҳ ҳамчунин дар самти расидан ба ҳаафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат нақши калидӣ мебозад.

Дар фарҷоми боздид раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ба роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун» барои меҳнати содиқона, фидокорӣ, матонат ва саҳми арзанда дар бунёди иншооти бузурги миллӣ изҳори сипос намуд.

Қобили қайд аст, ки боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо як шиносоии одӣ бо раванди татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар, балки дарси амалии шиносоӣ бо миқёси корҳои созандагӣ ва намунаи барҷастаи меҳнати фидокорона баҳри ободии Ватан мебошад.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 7

05.10.2026

Возврат к списку