29 сентябри соли 2026 дар ҳошияи Форуми байналмилалии молиявии Sibos 2026 мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндаи Commerzbank AG баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои касбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи стандартҳои нави SWIFT, рушди низомҳои пардохт, рақамикунонии равандҳои бонкӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори молиявӣ ба талаботи муосири байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина, идомаи табодули таҷрибаи амалӣ ва баргузории машваратҳои корӣ байни мутахассисони соҳавӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардида, аҳаммияти омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани эътимоднокӣ, самаранокӣ ва устувории низомҳои пардохтӣ қайд карда шуд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои иқтисоди сабз ва маблағгузории сабз, рушди механизмҳои дастгирии лоиҳаҳои устувор, инчунин идоракунии захираҳои байналмилалӣ, аз ҷумла истифодаи воситаҳои муосири молиявӣ ва равишҳои муосири идоракунии дороиҳоро бо назардошти принсипҳои амният, пардохтпазирӣ ва даромаднокӣ баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҳавасмандӣ ба густариши робитаҳои касбӣ, баргузории машваратҳои муштарак ва нигоҳ доштани муколамаи мунтазами корӣ доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
30.09.2026