28 сентябри соли ҷорӣ дар доираи кори Форуми байналмилалии саноати молиявии Sibos 2026 ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси бонк Шарифзода Фируз бо роҳбари низоми байналмилалии SWIFT дар кишварҳои Туркия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ - Ҳикмет Ҷан Йилмазсой ва роҳбари самти ҳамкории SWIFT - Дарио Ла Наса мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байналмилалии бонкӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии мубодилаи паёмҳои молиявӣ, пули рақамии бонки марказӣ ва такмили механизмҳои комплаенс мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи стандарти байналмилалии ISO 20022, инчунин ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзии молиявии кишварро ҷиҳати таъмини гузариши пайдарпай ва самараноки низоми бонкии мамлакат ба форматҳои муосири паёмҳои молиявӣ муҳокима намуда, имконияти баргузории чорабиниҳои омӯзишии муштаракро оид ба стандарти ISO 20022 дар доираи таҳкими иқтидори касбӣ (capacity building), аз ҷумла ҷанбаҳои амалии гузариш, истифодаи форматҳои нави паёмҳо ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ баррасӣ карданд.
Зимни суҳбати ҳайатҳо инчунин самтҳои муосири рушди шабакаи ҷаҳонии пардохтӣ, такмили механизмҳои пардохтҳои байналмилалӣ, татбиқи қарорҳои нави технологӣ, рушди стандартҳои мубодилаи иттилооти молиявӣ ва таҳкими амнияти амалиёти фаромарзӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои технологияҳои пардохтӣ, рушди иқтидори касбии мутахассисон ва комплаенс изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1500
29.09.2026