28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Майами (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) 48-умин Форуми байналмилалии саноати молиявии SWIFT - Sibos 2026 ба кори худ оғоз намуд. Дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалии молиявӣ ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин иштирок дорад.
Мавзуи асосии конфронси имсола «Digital finance for AI-driven economies» (Молияи рақамӣ барои иқтисодҳое, ки бар асоси зеҳни сунъӣ рушд мекунанд) буда, дар доираи кори ҳамоиш беш аз 250 ҷаласаи мавзӯӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба рушди низоми молиявии ҷаҳонӣ, такмили пардохтҳои фаромарзӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, рушди дороиҳои рақамӣ, устувории амалиётии ташкилотҳои молиявӣ ва амнияти инфрасохтори молиявӣ баррасӣ мешаванд.
Дар назар аст, ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кори Форуми Sibos 2026 як қатор вохӯриҳо бо роҳбарияти ташкилоти SWIFT (Ташкилоти ҷаҳонии телекоммуникатсияҳои молиявии байнибонкӣ), намояндагони бонкҳои марказӣ, бонкҳои бузурги байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ, инчунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои пардохтӣ ва инфрасохтори молиявӣ баргузор намояд.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии саноати молиявии SWIFT - Sibos 2026 аз 28 сентябр то 1 октябри соли 2026 идома ёфта, дар баробари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар кори он намояндагони як қатор ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар низ иштирок доранд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
28.09.2026