Ахбор

Ҷаласаи бошукӯҳи идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ


7 сентябри соли 2026 ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон «Маҷмаи Хуталон» бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, муовинони раис Шарифзода Фирӯз, Икромӣ Сироҷиддин, Назири Гулбаҳор, Муродализода Далер ва Ғуломзода Зиёратшо, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандон ва собиқадорони низоми бонкӣ ҷаласаи бошукӯҳи идона баргузор гардид.

NBTL0525.JPG

Дар оғози ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс аҳли нишастро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, қайд кард, ки таърихи ташаккул ва рушди низоми бонкии кишвар бо раванди бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад ва дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ ва тақдирсоз мебошад.

Зикр гардид, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар бо мушкилоти ниҳоят вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, ташкили низоми мустақили пулию қарзӣ, бунёди низоми миллии бонкӣ ва таҳкими заминаҳои иқтисодии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар робита ба ин, иқдомҳои Сарвари давлат дар самти ташкили низоми миллии пулӣ, таҳкими мақоми Бонки миллӣ, такмили қонунгузории бонкӣ ва гузариш ба низоми муосири бонкдорӣ дар тамоми марҳилаҳои рушди кишвар нақши муҳим доштанд.

Қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳои худ пайваста масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум, таҳкими низоми бонкӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳӣ, афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ, ҷалби сармоя ва рақамикунонии хизматрасониҳоро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат таъкид намудаанд.

Имрӯз низоми бонкии кишвар дорои шабакаи васеи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва механизмҳои муосири танзиму назорат мебошад. Низоме, ки дар оғози Истиқлол барои ташаккули институтҳои миллии пулӣ ва бонкӣ талош мекард, имрӯз дорои низоми миллии пардохт, инфрасохтор ва механизмҳои муосири электронӣ ва назорати бонкӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стратегияи фарогирии молиявӣ мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки вазифаи имрӯзаи Бонки миллӣ ва тамоми низоми бонкӣ аз он иборат аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро бо истифода аз механизмҳои муосири танзиму назорат, таҳкими суботи молиявӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо пайваста татбиқ намоянд.

Сипас, барои ироаи паёми шодбошии роҳбарияти олии кишвар ва супоридани мукофоти давлатӣ сухан ба муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода шуд. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллату давлат муқаддас буда, бузургтарин дастоварди миллӣ ва таҷассуми худшиносию ватандорӣ мебошад.

NBTL0599 -1.JPG

Гуфта шуд, ҳарчанд аз нигоҳи таърихӣ 35 сол муддати тӯлонӣ набошад ҳам, барои мардуми Тоҷикистон ин давра пур аз имтиҳонҳои бузург ва рӯйдодҳои сарнавиштсоз буд. Дар ин марҳила давлату миллат, бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, роҳи мураккаб ва пурмасъулияти бунёди давлатдории миллӣ ва иқтисоди мустақилро тай намуд, ки низоми бонкӣ низ ҷузъи ҷудонашавандаи ин раванд буд.

NBTL0635.JPG       

Ташаккул ва рушди низоми бонкии миллӣ яке аз самтҳои муҳимми бунёди давлатдории соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ ин низом роҳи ташаккул, ислоҳот ва навсозиро тай намуда, аз як низоми навташкили солҳои аввали истиқлол ба низоми муосири молиявӣ табдил ёфт. Ин раванд дар заминаи роҳнамоиву дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Дар идомаи ҷамъомад барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти касбӣ ба як қатор собиқадорон ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар дар фазои тантанавӣ мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Нишони фахрии Бонки миллии Тоҷикистон», инчунин ифтихорнома ва сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

NBTL0647.JPG

NBTL0656.JPG

NBTL0671.JPG

NBTL0683.JPG  

NBTL0700.JPG

NBTL0711-1.JPG

NBTL0723-1.JPG

NBTL0729.JPG

NBTL0740.JPG NBTL0749-1.JPG NBTL0754.JPG NBTL0761-1.JPGNBTL0764.JPGNBTL0772-1.JPGNBTL0774.JPGNBTL0782.JPGNBTL0786.JPGNBTL0793.JPGNBTL0803-03.JPGNBTL0804.JPGNBTL0897.JPG NBTL1003.JPG

Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бори дигар аҳли нишастро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, таъкид кард: «Имрӯз вақти он расидааст, ки бо такя ба дастовардҳои даврони Истиқлол рушди босуботи низоми бонкии кишварро мақсади асосӣ ва ҳадафи олии фаъолияти ҳаррӯза қарор диҳем».

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 19

08.09.2026

Возврат к списку