Ахбор

Семинар оид ба тартиби таҳияи супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми қабул ва интиқоли маблағҳои буҷетӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ


28 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ оид ба тартиби таҳияи супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти маблағҳои буҷетӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баргузор гардид.

NBTL0Ғ.jpg

Семинар дар доираи чорабиниҳо оид ба такмили низоми пардохтҳо ва рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ, ҷиҳати баланд бардоштани сифати коркарди пардохтҳои ба буҷети давлатӣ воридшаванда ва кам намудани хатогиҳо ҳангоми анҷом додани амалиёти пардохтӣ, гузаронида шуд.

Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии рӯнамо тартиби дуруст пур намудани супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти андозҳо, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин тартиби истифодаи рамзҳои гурӯҳбандии даромадҳои буҷетиро шарҳ доданд. Қайд гардид, ки истифодаи дурусти рамзҳо барои баҳисобгирии дақиқи даромадҳои буҷети давлатӣ дар Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ва коркарди дурусти он мусоидат намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои суръатбахшии пардохтҳо, баланд бардоштани шаффофият ва коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ замина фароҳам меорад.

NBTL0180.JPG

Дар робита ба ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия дода шуд, ки вобаста ба таҳияи супоришномаҳои пардохтӣ барои муштариён ва кормандони масъул семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мунтазам ба роҳ монанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 122

28.08.2026

Возврат к списку