Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро ба муомилот баровард.
Тарҳи тангаҳои хотиравии ҷашнӣ дар баробари арзиши нумизматӣ, инчунин ба таври рамзӣ роҳи тайкардаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷассум намуда, ба арзишҳои муҳимми давлатдорӣ ва ҳадафҳои рушди минбаъда ишора мекунанд.

Дар рӯй (аверс)-и тангаҳо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар зери он номинали танга ҷойгир шудааст. Дар давродаври танга навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сабт гардида, дар қисмати рости поёни доираи берунӣ иёри филиз Au 999 - тилло, Ag 925 - нуқра ва вазни танга нишон дода шудааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тангаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ пайваста истифода мешавад, таҷассумгари сулҳу субот, ваҳдат, пешрафт ва таҳкими истиқлол ва рамзи давлатдорӣ мебошад.
Унсурҳои Нишони давлатӣ — тоҷу ҳафт ситора, шуои офтоб, кӯҳҳои сарбаланд, китоб ва хӯшаҳои гандум — дар маҷмуъ мазмунҳои амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, маърифат, меҳнат, фаровонӣ, ваҳдат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро ифода мекунанд.
Ҷойгир намудани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тангаи хотиравӣ нишони эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, истиқлоли давлатӣ ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Тарҳи мазкур бозгӯи он аст, ки истиқлолият заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Дар пас (реверс)-и танга рамзи ҷашни «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шудааст. Рамзи мазкур шакли мудаввар дорад. Дар он бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ навиштаҷоти «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991–2026» ҷойгир шудааст. Ин санаҳо як давраи муҳимми таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, эълони Истиқлоли давлатӣ ва 35 соли рушду таҳкими давлатдории миллиро дар бар мегиранд.
Дар маркази рамз тасвири «Маҷмааи Истиқлол» ҷой гирифтааст, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, истиқлол ва рушди бомаром мебошад.
Яке аз вижагиҳои дигари тарҳи тангаҳои хотиравӣ инъикоси манзараҳои табиии Тоҷикистон — кӯҳҳо, пиряхҳо, об ва табиат мебошад. Ин унсурҳо аз захираҳои бойи табиии кишвар ва иқлими сабз шаҳодат дода, ҳамзамон ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо ишора менамоянд.
Дар тарҳ инчунин роҳ, нақб ва неругоҳ инъикос гардидаанд. Дар паҳлуи рости рамз бошад, рақами «35» бо истифода аз рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ишора мекунад.
Тангаҳои хотиравиро метавон як навъ «саҳифаи таърихӣ дар филиз» номид. Дар тарҳи онҳо рамзҳои давлатдорӣ, табиат, фарҳанг, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар дар як композитсия ҷамъ омадаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо сикказании тангаҳои хотиравии бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фарҳанги нумизматӣ ва ҳифзи хотираи таърихии кишвар саҳм мегузорад. Ин иқдом намунаи истифодаи воситаи нумизматӣ барои муаррифии давлат, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 208
02.09.2026