Ахбор

Иттилои паҳншуда саҳеҳ нест!


Бонки миллии Тоҷикистон иттилои дар Telegram-канали «Голос Ирана» паҳншуда, дар бораи гӯё ҷойгир намудани тасвири Абуалӣ ибни Сино дар пули коғазии 200 сомонӣ дар баробари пули коғазии 20 сомониро, расман рад менамояд.

Иттилоъ медиҳем, ки вобаста ба тағйир додани тасвири пулҳои коғазии миллӣ ва ҷойгир намудани тасвири Абуалӣ ибни Сино ҳам дар пули коғазии 200 сомонӣ ва ҳам дар пули коғазии 20 сомонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон корбарӣ анҷом дода нашудааст. Дар ин маврид ягон қарор қабул нагардида, зарурати гузаронидани чунин тағйирот низ дида намешавад.

хабари фейк.jpg  

Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва расонаҳои хабарӣ даъват менамояд, ки ба иттилооти паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо эҳтиёт муносибат намуда, танҳо ба маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва манбаъҳои расмии давлатӣ такя намоянд. Таъкид менамоем, ки паҳн намудани маълумоти носаҳеҳ метавонад боиси ташаккули андешаҳои нодуруст дар бораи низоми пулии кишвар гардад.

Шуъбаи мутбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1

26.08.2026

Возврат к списку