20 августи соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши бонкӣ, аз ҷумла рушди низомҳои пардохт, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, фарогирии молиявӣ, назорати бонкӣ ва суғуртавӣ, инчунин табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки захиравии Ҳиндустонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, доир ба роҳандозии робитаҳои муносибатҳои мустақим миёни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, густариши муносибатҳои корреспондентии бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани пардохтҳои фаромарзӣ табодули афкор сурат гирифт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва иштироки муассисаҳои молиявии байналмилалӣ дар рушди низоми бонкӣ ва молиявии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, дар ин замина, иштироки муассисаҳои молиявӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон дар рушди бахши бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегардад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи бонкӣ метавонад ба рушди робитаҳои иқтисодиву молиявии Тоҷикистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2
21.08.2026