Ахбор

Ҳамоиши иттилоотӣ вобаста ба барномаи JISPA


4 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки директори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором - Такаши Нагаока, мудири Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ (JISPA) - Сайка Кин, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодии кишвар барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии кишвар вобаста ба барномаи JISPA ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид.

1- NBTL9754.JPG

Зимни ҳамоиш ба иштирокдорон оид ба Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла ҳадафу самтҳои асосии он, талаботи барнома нисбат ба довталабон ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

2- NBTL9735.JPG

Ҳамзамон, иштирокдорон имкон пайдо намуданд, ки вобаста ба раванди иштирок дар барнома, талаботи қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба саволҳои худ ҷавобҳои зарурӣ гиранд.

Барномаи JISPA барои рушди иқтидори касбии мутахассисон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои иқтисод, молия ва сиёсати давлатӣ равона гардида, барои такмили дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони кишвар имкониятҳои таҳсилоти баъдидипломиро фароҳам меорад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2

05.08.2026

Возврат к списку