Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, ба ширкати Visa International Service Association барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтии “Visa” иҷозатнома дода шуд.
Ҳамзамон, иҷозатномаи ширкати Visa International Service Association барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №63 аз 16 апрели соли 2021 ба расмият дароварда шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 5
27.07.2026