28 июли соли 2026 зимни вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ғуломзода Зиёратшо бо намояндагони низоми байналмилалии пардохтии VISA, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Ҳумо Бонк» ва ҶСК «Алиф Бонк» масъалаи оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндагони низоми пардохтии байналмилалии VISA ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи хизматрасонии мазкур изҳор намуданд.
Роҳандозии хизматрасонии Apple Pay марҳилаи муҳимми рушди низоми миллии пардохтӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳамгироии бозори молиявии Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии рақамӣ, мутобиқ гардидани инфрасохтори пардохтии кишвар ба талаботи муосири байналмилалӣ ва омодагии ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, қулай ва бехатари пардохтӣ шаҳодат медиҳад.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, рушди инноватсияҳои молиявӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ гардида истодаанд.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайянгардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои рушди инфрасохтори муосири пардохтӣ корҳои назаррас ба анҷом расонидааст. Айни замон, дар кишвар низомҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқолҳои фаврӣ, хизматрасониҳои бонкдории мобиливу интернетӣ ва QR-рамзи ягона фаъолият доранд.
Дар баробари хизматрасониҳои байналмилалии пардохтии Google Pay ва Garmin Pay, роҳандозии Apple Pay доираи хизматрасониҳои муосири пардохтиро боз ҳам васеътар менамояд.
Ҷорӣ намудани ин хизматрасонии муосири пардохтӣ натиҷаи тадбирҳои пайгиронаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, татбиқи технологияҳои пешрафтаи молиявӣ, тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироии низоми пардохтии кишвар ба фазои ҷаҳонии рақамӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионии пардохтӣ, баланд бардоштани сатҳи фарогирии молиявӣ ва густариши хизматрасониҳои муосири пардохтӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
28.07.2026