20 июли соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Институти глобалии рушди сабз (Global Green Growth Institute - GGGI) мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди маблағгузории устувор, таҳкими низоми молиявии сабз, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ мавзуи тағйирёбии иқлим на танҳо масъалаи экологӣ, балки яке аз омилҳои муҳимми иқтисодӣ ва молиявӣ ба ҳисоб рафта, рушди низоми маблағгузории сабз аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташаккули муҳити мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хусусӣ, рушди бозори сармоя ва идоракунии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд.
Дар ин замина, таҷрибаи барориши аввалин вомбарги сабзи корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК “Бонки Эсхата”, ки бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ сурат гирифт, заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи бозори сармоя ва маблағгузории устувор арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот, инчунин масъалаҳои расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби Институти глобалии рушди сабз барои таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва муайян намудани лоиҳаҳои мутобиқ ба талаботи маблағгузории сабз мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати рушди маблағгузории устувор, таҳкими бозори сармоя, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ва барориши вомбаргҳои сабзи квазисуверенӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 60
21.07.2026