Ахбор

Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳо оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн шуда истодаанд. Барои бовар кунонидани шаҳрвандон қаллобон аз ҳуҷҷатҳои гуногуни қалбакӣ ва фикру мулоҳизаҳои сохта дар ботҳо истифода мебаранд.

1111111111.jpg

Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ба чунин паёмҳо бовар накунанд ва дар ҳеҷ ҳолат ба шахсони ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Барои анҷом додани амалиётҳои молиявӣ маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед.

Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунанда буда, амалҳои зеринро анҷом намедиҳад:

-         ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад;

-         ба аҳолӣ қарз намедиҳад;

-         барои анҷом додани интиқоли маблағ муроҷиат намекунад;

-         тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ва шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад;

Агар пай бурдед, ки шумо фирефтаи қаллобон гардидед, фавран корти бонкии худро масдуд намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 0

17.07.2026

Возврат к списку