Ахбор

Иштирок дар ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ


Аз 29 то 30 июни соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа ва як қатор мулоқотҳои сатҳи баланд, ки дар доираи нишасти Гурӯҳи кишварҳои электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

хабари 3 (2).jpg

Аз ҷумла, 30 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи кишварҳои узв нишондиҳандаҳои мусбати рушди иқтисоди кишварро муаррифӣ карда, оид ба рушди устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, суботи макроиқтисодӣ, натиҷаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди низоми молиявӣ маълумот пешниҳод намуд.

Зимни муҳокимаҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо кишварҳои электорат, дар самтҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди сабз, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор ва идомаи ислоҳоти бахши бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ ва рушди низоми молиявии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.

хабари 3 (1).jpg

Худи ҳамин рӯз, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои сиёсати пулию қарзӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, идоракунии хавфҳо, суботи молиявӣ, технологияҳои рақамии молиявӣ, амнияти киберӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисон, инчунин масъалаи тавсеаи ҳамкории байни муассисаҳои молиявии Тоҷикистону Швейтсария ва ҷалби институтҳои молиявии швейтсарӣ ба бозори молиявии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар идомаи рӯз, дар доираи чорабиниҳои Гурӯҳи электорат инчунин мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани баргузор гардид.

хабари 3 (3).jpg

Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди бахши молиявӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани фарогирии молиявӣ, рушди маблағгузории «сабз», татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалиро баррасӣ намуданд. Дар ин замина, аҳаммияти дастгирии минбаъдаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар таъкид гардид.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 165

01.07.2026

Возврат к списку