Ахбор

ЭЪЛОН: Даъватномаи иштирок дар музояда


Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд-фурӯшанда) суроға ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки санаи 22 июли соли 2026 9 адад молу мулки ғайриманқул, ки дар тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон барои бозфурӯш гирифта шудааст, ба таври музояда бо усули англисӣ ба фурӯш  гузошта мешавад:

1.Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Турсунзода, к. И.Сомонӣ 49, (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") – 1 714 108 сомонӣ;

2.Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Турсунзода, к. И.Сомони 51 (собиқ бинои хушкашӯӣ ҶСП БСТ ТИСТ "ТОҶПРОМБОНК") - 2 100 000 сомонӣ;

3.Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, к.Ҷ.Расулов 67 (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") – 7 300 000 сомонӣ;

4.Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, к. Айнӣ 291 (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") – 4 087 487 сомонӣ;

5.Амволи ғайриманқул ва амволи дигари БМТ Маҷмааи "Даҳбед" дар шаҳри Ҳисор (собиқ амволи ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") - 32 417 199 сомонӣ;

6.Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, к. И.Сомонӣ, собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "ТОҶПРОМБОНК" (собиқ маркази савдои "Зумрад") – 5 243 080 сомонӣ;

7.Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Душанбе, к. С.Шерозӣ 64, қисми бинои собиқ ошхонаи "Капелла" (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "ТОҶПРОМБОНК")- 3 600 415 сомонӣ;

8.Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Ваҳдат к. Фирдавсӣ 64 А (собиқ бинои ФҶСП БСТ ТИСТ “ТОҶПРОМБОНК”) – 4 103 100 сомонӣ;

9.Қисми амволи ғайриманқул ва амволи дигар (АО "Сойшира" дар ш.Ҳисор)- 5 476 771,32 сомонӣ.

Музояда соати 15:00 дар суроғаи дар боло зикргардида гузаронида шуда, пардохти кафолатнок баҳри молу мулки ғайриманқул ба 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баҳри 1 лот баробар аст.

Маълумоти муфассалро оид ба гузаронидани музояда метавонед тавассути телефонҳои (44) 600-32-51 ва (44) 600-32-28, 600-32-36 дастрас намоед.

ЭЗОҲ: Қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда як рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад.

Ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар музояда пешниҳод карда мешаванд:

1.НУСХАИ ШИНОСНОМАИ МИЛЛӢ

2.РАҚАМИ МУШАХХАСИ АНДОЗСУПОРАНДА

Telegram  Facebook

Диданд: 2

01.07.2026

Возврат к списку