Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026 таҳти №65, мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Ба рӯйхати мазкур 3 адад ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз шомил гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 55
29.06.2026