Ахбор

Мулоқот бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор


30 июни соли 2026 дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ мулоқоти якҷояи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Ли баргузор гардид.

хабари 2 (1).jpg

Зимни мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки новобаста аз шароити ноустувори иқтисоди ҷаҳонӣ, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори худро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи захираҳои байналмилалӣ, дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва нишондиҳандаҳои рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ тамоюли мусбат ва афзоишро нишон медиҳанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъорро мавриди баррасӣ қарор дода, махсусан ба татбиқи барномаҳои кумаки техникӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, ва такмили сиёсати макроиқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

хабари 2 (3).jpgхабари 2 (2).jpg           

Дар анҷоми мулоқот бо ишора ба сатҳи баланди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва нақши он дар таҳкими суботи макроиқтисодӣ, татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва рушди низоми молиявии кишвар ба ҷаноби Бо Ли ва намояндагони ин ниҳоди молиявии байналмилалӣ барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ баён гардида, омодагӣ барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карда шуд.

Шуъбаи матбуот


Telegram  Facebook

Диданд: 7

30.06.2026

Возврат к списку