Ахбор

Ваҳдати миллӣ – заминаи асосии рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистон


26 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз, роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода нахуст ҳозиринро ба муносибати қабули ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва фарорасии ҷашни давлатӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Номбурда зимни суханронии худ иброз дошт, ки «25 июни соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул намуд. Дар шароите, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо нафар ба хавфу таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошанд, ин ташаббуси навбатии Роҳбари давлат аз нақши сулҳофар ва ваҳдатгустари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ҳамаи шуморо самимона табрик мегӯям».

2.JPG

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки имсол мардуми кишвар Рӯзи Ваҳдати миллиро дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд. Маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

3.JPG

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд, меҳнати содиқона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлатро тақозо менамояд. Дар ин замина, иштирокдорони ҷаласа ба истифодаи дастовардҳои илму техника, татбиқи технологияҳои навин дар низоми бонкӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ даъват карда шуданд.

4.JPG

Дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор ва узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз оид ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.

5.JPG

Қайд гардид, ки дар ин роҳи таърихӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзишманд мебошад. Иродаи сиёсӣ, ҷасорат ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат сабаб гардиданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар пойдор гардад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ба марҳилаи нави бунёдкориву созандагӣ ворид шавад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳифзи ин неъмати бебаҳо, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва сарҷамъии миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

Сипас намояндагони ҷавонон ва бонувони Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аҳаммияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ, сулҳу субот, пешрафти давлат ва муҳаббат ба Ватан суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни мазкур табрик гуфтанд.

6.JPG

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ба шарофати сиёсати сулҳпарварона ва созандаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳхоҳ ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар роҳи рушду пешрафт ва ободонӣ қадамҳои устувор мегузорад.   

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди кишвар бо арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саъю талош хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуот


Telegram  Facebook

Диданд: 27

26.06.2026

Возврат к списку