Ахбор

Мулоқот бо намояндагони “S&P Global Ratings”


23 июни соли ҷорӣ, дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” – Роман Рибалкин ва Максим Рибников, масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

NBTL7879.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкории судманду дарозмуддат бо агентии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, ба таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” оид ба вазъи низоми бонкии кишвар, сиёсати пулӣ, нигоҳдории сатҳи таваррум, нишондиҳандаҳои низом ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки новобаста аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин гардида истодааст.

NBTL7876.JPG

- Дар ин замина, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро идома медиҳад, - қайд намуд Толибзода Ф.

Бонки миллии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои кишвар бо Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” ҳамасола бо мақсади баҳогузорӣ ва интишори рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 13

23.06.2026

Возврат к списку