Ахбор

Семинари омӯзишӣ оид ба суғуртаи исломӣ (такафул)


8 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board – IFSB), ки таҳти роҳбарии муовини Дабири кулли Шуро - Абдулло Ҳорун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Суғуртаи исломӣ (такафул)” баргузор гардид.

NBTL7669-1.JPG

Дар семинар мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории семинар муттаҳид намудани тарафҳои манфиатдор, муаррифии низоми суғуртаи исломӣ (такафул) дар бозори суғуртаи кишвар, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони низоми молиявии мамлакат мебошад.

NBTL7700-2.JPG

Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати молияи исломӣ дар ҷаҳон омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти хизматрасониҳои молияи исломӣ, аз ҷумла суғуртаи исломӣ, ки ба манфиатҳои милливу ва ҷамъиятӣ мувофиқанд, барои густариши имкониятҳои бозори молиявии кишвар ва ҷалби доираи васеи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ аҳаммияти назаррас дорад.

Дар идомаи ҳамоиш коршиноси байналмилалии Шуро доктор Картина Аррифин дар мавзуи “Такафул: мафҳумҳо ва сохтори асосӣ” вобаста ба моҳият ва консепсияи суғуртаи исломӣ, фарқияти он аз суғуртаи анъанавӣ, идоракунии хавфҳо, пешгирии номуайяниҳо дар муомилоти молиявӣ, намудҳои маблағгузорӣ, моделҳои амалкунандаи ҷаҳонии такафул, талаботи меъёрӣ ва зарурати риояи стандартҳои қабулгардида дар тамоми марҳилаҳои фаъолият рӯнамои муфассал пешниҳод намуд.

NBTL7660-3.JPG

Ҳамчунин, ба иштирокдорон доир ба манфиатҳои низоми такафул барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, тақсимоти дақиқи маблағҳо ва уҳдадориҳо, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолияти такафул, роҳҳои тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти рушди Microtakaful ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа иттилоъ дода шуд.

Дар рафти семинар байни коршиносони ниҳоди мазкур ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, аҳли нишаст ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуот



Telegram  Facebook

Диданд: 0

19.06.2026

Возврат к списку