Ахбор

Чорабинии муштараки омӯзишӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ


Рӯзҳои 8-11 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии муштараки омӯзишӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси Котиботи ГАО ва дастгирии Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия (МБОМММ) доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳи омодагии намояндагони кишвар – гурӯҳи коршиносони миллӣ аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, сохторҳои назоратӣ, бахши молиявӣ ва ғайримолиявии хусусӣ равона гардид.

NBTL5842.JPG

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон мувофиқи самтҳои фаъолияти худ дар машғулияту муҳокимарониҳо ширкат варзиданд. Аз ҷумла санаи 8 июни соли 2026 масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳо ва самаранокии низоми назоратӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти назоратӣ баррасӣ гардид.

9 июни соли 2026 бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳ ба истифодаи иттилооти иктишофи молиявӣ, тафтиши ҷиноятҳо ва механизмҳои мусодира ва баргардонидани дороиҳои ҷиноятӣ равона гардид.

10 июни соли 2026 намояндагони мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар машғулиятҳои симулятсионӣ оид ба омодагӣ ба мусоҳибаҳо бо гурӯҳи коршиносон- баҳогузорон ширкат варзиданд.

Санаи 11 июни соли 2026 бошад, масъалаҳои ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ ва чораҳои пешгирикунанда бо иштироки намояндагони бахши молиявӣ ва ғайримолиявии хусусӣ баррасӣ гардиданд.

!cid_ii_mqasie7h0.jpg

Директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи муҳимми омодагӣ ба баҳодиҳии мутақобила ворид гардидааст, ки он 3 августи соли 2026 расман оғоз меёбад ва дар доираи он кишвар бояд саволномаи мутобиқати техникӣ ва баъдан нишондиҳандаҳои самаранокии низоми миллиро пешниҳод намояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ методологияи ФАТФ ва талаботи даври сеюми баҳодиҳии мутақобила мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба ин васила масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳо, ҳамкории миллӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти мақомоти назоратӣ, самаранокии тафтишот ва таъқиби ҷиноятҳо, инчунин мусодира ва баргардонидани дороиҳои ҷиноятӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Қисми муҳимми барнома машғулиятҳои симулятсионӣ буд, ки дар он иштирокдорон бо шакл ва муҳтавои эҳтимолии мусоҳибаҳо бо гурӯҳи коршиносон-баҳогузорон шинос гардиданд.

!cid_ii_mqasiit61.jpg

Чорабинӣ ба таҳкими ҳамоҳангии байниидоравӣ, баланд бардоштани омодагии амалии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҳамчунин таҳкими низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат менамояд.

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи ГАО, МБОМММ ва дигар шарикони рушд ҷиҳати гузаштан аз даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои омӯзиширо минбаъд низ мегузаронад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Telegram  Facebook

Диданд: 795

12.06.2026

Возврат к списку